Вокуниш

Дар сомонаи  «Кимиёи саодат»  хабаре  паҳн шудааст, ки 12 феврали соли 2019  дар шарҳи Вилнюси Ҷумҳурии Литва  нишасте таҳти унвони “Осиёи Марказӣ; ислоҳот, саркӯб ва ифротгароӣ”  гӯё бо ширкати устодони донишгоҳ ва коршиносон аз кишварҳое мисли Америка, Бритония,  Олмон, Лаҳистон, Австрия, Норвегия ва Литва  ва бо ташаббуси Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо (бо роҳбарии кадом Илҳомҷон Ёқубов), Пажӯҳишгоҳи Осиё ва Донишкадаи равобити байналмилалӣ ва илмҳои сиёсии Донишгоҳи Вилнюс баргузор мешудааст.

        Ҳамчунин дар ин хабар  ҳадафҳои  баргузории  нишасти мазкур номбар шуда, аз ҷумла  дар бораи  мавриди баррасӣ қарор гирифтани  масъалаи “чолиши ифротгароӣ ва терроризм дар ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ,  ба хусус дар Тоҷикистон”,  зикр ёфтааст. Рӯйхати  суханронони  нишаст низ оварда шудааст, ки дар сархати он  Муҳиддин Кабирӣ, раиси бо ном Паймони Миллии Тоҷикистон ва 9 нафарони дигаре, ки бо унвонҳои гуногуни “шарқшинос”, “коршинос”, “фаъоли ҳуқуқи башар”, “намояндаву сардабир” ва ғайраҳо навишта шудаанд.

          Хеле тааҷубовар  аст, ки онҳое, ки мисли роҳбари ташкилоти экстрмистиву террористии  мамнуъи ҲНИТ М. Кабирӣ, ки худаш  лаънаткардаи миллату Ватан  мебошад,  боз як гурӯҳи калони олимону коршиносони ҳақиқиро сарҷамъ оварда, дар бораи “чолиши ифротгароӣ ва терроризм дар ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ,  ба хусус дар Тоҷикистон”,  суханронӣ карда бошад ва ӯро намояндагони давлатҳои демократии ғарб, ки аз рангу рӯи ин наҳзатиҳо безоранд, таҳаммул карда бошанд.

          Гумони ғолиб он аст, ки ба кадом шаклу намуде, ки  ин ватанфурӯшон аз номи муҳоҷирони тоҷик,  ҳатто зери унвони баланди  “Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ”,   ҳарф назананд ҳам, мардуми тоҷику тоҷикистониёнро ба фиреби худашон, мисли бесомониҳои солҳои 1992-1997, кашида наметавонанд.  Инчунин, метавон гуфт, ки  шарқшиносу,  коршиносу фаъоли ҳуқуқи башару намояндаву  сардабирҳои ҳақиқӣ  ба ҳеҷ ваҷҳ масъалаҳои барои худи Аврупо хеле вазнини муҳоҷирони аз ҷангҳои ҳаммаслакони Кабирӣ, аз Сурияву Ироқ  гурехтаву дарди сари Аврупо гаштаро монда, ба муҳоҷирони меҳнатии осоиштаи Осиёи Марказӣ  сару кор намегиранд. Ва агар барояшон воқеият зарур бошад, пас  аз ин ватанфурӯшону хоинони миллат бояд пурсанд, ки шумоён бо кадом хизмати худ ва саҳми худ дар рушду нумӯи Тоҷикистон, даъвоҳо пешниҳод менамоед.  

       Боварӣ дорем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мардуми Тоҷикистон дар  марҳалаи осоишу амният ва созандагию бунёдкорӣ  қарор доранду  фирефтаи амалҳои  ин ватанфурӯшон намегарданд.

Аз номи коллективи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон:
Назарзода Х.Х. ва Ализода А.А.