Илмат ба амал чу ёр гардад…

Аспирантони Донишкада Бобоев Хуршед ва Абдуллоев Илҳом ки дар Донишгоҳи Давлатии Урали Ҷанубӣ таҳсил менамоянд, дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия дар конференсияи илмӣ таҳти  унвони “Энергетикаи оянда” бо мувафақият баромад намуданд. Дар китоби ба конференсия бахшидашуда мақолаҳои онҳо ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин мақолаи аспиранти Донишкада Давлатов Аъзамҷон, ки дар асоси таҳқиқоти илмӣ навишта шудааст, дар журнали илмии бонуфузи ҷаҳонӣ – Scopus ҷой дода шудааст, ки боиси сарфарозии мост.