Базаи моддиву техникии Донишкада мустаҳкам мегардад.


Бо мақсади мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии Донишкада ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, роҳбарияти Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таҷҳизотҳои муосири техникиро дастраст намуд, ки инҳо нивелир 6 дона, теодолит 1 дона, тарозуи лазерӣ 4 дона, ларзонандаи электрикӣ 2 дона, дастгоҳи ченкунандаи тобоварӣ ба фишор (Аппарат Крот) 1 дона, бетономехтакунак 1 дона, масофасанҷи электронӣ 2 дона мебошанд.
Дар раванди таълим истифодаи ин қабил асбобҳо имкон медиҳад, ки донишҷӯён аз тарзу усулҳои истифодабарии техникаи муосир бархурдор шаванд ва онро минъбад дар амал ҷорӣ намоянд.