Боргоҳи илм-китобхонаи Донишкада бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид.

Соли сипаришудаи 2018 китобхонаи Донишкадаи энергетики Тоҷикистон бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуд.  Ин боргоҳи илму маърифат дорои зиёда 20 ҳазор адад китобҳои илмиву адабӣ ба забонҳои тоҷикӣ, ўзбекӣ, русӣ ва англисӣ буда, донишҷӯёну омӯзгорон дар 3 толорҳои китобхонии он, аз ҷумла дар толори китобхонаи электронӣ, ба омӯзиши илм машғуланд.