Нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал!

Рӯзи 07 январи соли 2019 дар толори калони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон вохӯрии аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти “Бохтариён” бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳуриии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул баргузор гардид, ки дар он  нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Иштирокдорони ҳамоиш гузориши муфассали вакили халқ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гулро дар бораи муҳтавои Паём ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат барои саҳм гузоштан дар рушду нумӯи кишвар шуниданд. Намояндагони қишрҳои гуногуни ҷамоати номбурда баромад карда,  якдилона аз дастгирии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат андешаронӣ намуданд, ки ҳамагон барои ояндаи неку ободу боамни диёру Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзанд. Дар ин вохӯрӣ ҷонишини прокурори ноҳияи Кӯшониён П.Пирзода, муовини раиси ноҳия Д.Шукруллозода ва ноиби ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Ф.Зувайдуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.