Натиҷагирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои аналитикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар соли 2018

Дар толори калони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони факултету кафедраҳо ва гурӯҳҳои академии Донишкада фаъолияти гурӯҳҳои аналитикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон  дар соли 2018 мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуд. Қайд гардид,ки соли 2018 гуруҳҳои аналитикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқшуда фаъолият намуда, ҷиҳати таблиғи ғояи ваҳдати миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, чорабиниҳои самарабахши фарҳангиву сиёсиро амалӣ намуданд Ҳамзамон, хотиррасон шуд, ки дар ин самт, хусусан дар масъалаи пешгирии хатари таъсири ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии замони муосир, аз ҷумла ТЭТ ҲНИТ, гурӯҳҳои аналитикии  Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон  бояд боз ҳам фаъолтар амал кунанд. Дар кори ин машварат ноибони ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Зувайдуллозода Ф.З., Мирзозода К.Қ. ва мушовири ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Ализода А.А. ширкат ва суханронӣ карданд.