Оғози имтиҳонҳои тирамоҳии донишҷӯён тавассути Маркази бақайдгирӣ ва машваратии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон имтиҳонҳои тирамоҳии донишҷӯён тавассути Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ, ки дар синфхонаҳои он камераҳои мушоҳидавӣ фаъол мебошанд, оғоз гардиданд. Вобаста ба ин, кормандони масъули Донишкада, аз ҷумла декани факултети “Электроэнергетикӣ” Эмомов Б.Ф. ҷиҳати ба донишҷӯён фаҳмонидани қоидаҳои муқарраргардидаи имтиҳонсупорӣ тавассути Маркази бақайдгирӣ ва машваратии  Донишкада кор бурда истодаанд.

Инчунин сармутахассиси Маркази бақайдгирӣ ва машваратии  Донишкада Шарбатов Ш. дар якҷоягӣ бо кормандони масъули факултетҳо раванди имтиҳонҳои ҷориро назорат мебаранд.