Вокуниш ба изҳороти бо ном раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНЗТ) Абдусаттор Бобоев

Коллективи кормандони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон  амалҳои ин гуна  хоинони беватанро, ки аз номи халқи Тоҷикистон  даъвои “доварӣ” доранд, қотеъона маҳкум менамояд. Воқеан ҳокимияти маҳаллии Олмон метавонад муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷиро ба инобат бигирад, вале ин ҳолат ягон асоси боло рафтани имиҷи сиёсии КШНЗТ-ро надорад, агарчанде ташкилкунандагони ин ҳангома хеле кӯшиш ба харҷ дода бошанд ҳам.

Аҳли башар ва аз ҷумла Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ҳам шоҳиди ҳоланд, ки ҳамаи нафарони дар даъвои пешниҳодкардаи А.Бобоев ҳамчун “зиндониёни сиёсӣ номбаршуда, дар асл барои ҷиноятҳои бузурги итисодӣ ва хиёнат ба Ватан айбдор шудаанд.

         Бо кадом рӯю хотир ва кадом салоҳият бошад, ки ин КШНЗТ-и барои кулли мардуми Тоҷикистон номаълум, аз номи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид  даъво дорад. Ё ин даъвогарон боварӣ доранд, ки онҳо аз ин Кумитаи бонуфузи СММ ҳам болотаранд?

    Мо ба ин хоинони Ватан, ки дар қатори бадхоҳону душманони  Тоҷикистон ба торикии шуур гирифтор шудаву наметавонанд роҳи баргардонидани пулу пайсаи сарфкардаи хоҷагони хориҷииашонро биёбанд, муроҷиат карда мегӯем, ки:

        – бас аст иғвогариву дасисабозиҳои сиёсии беасосу бе мояи шумо, ки нооромиву бесуботии сарзамини аҷдодии моро мехоҳед:

        -бас аст беномӯсиву беориатон, ки имрӯз тамоми олам аз рушду нумӯи Ватани азизи мо Тоҷикистон, аз ҷумла алорағми ҳама душманону бадхоҳони халқу миллат, ба кор даровардани  чархаи аввалини НОБ Роғун,  дар ҳайратанду шумоён-зархаридони бо ном тоҷик инро нодида мегиред;

        -оё наметарсед, ки хориҷиён  бипурсанд, ки “шумоҳо худатон барои Ватанатон чӣ кардаед?” ба ғайри даъвогарию дасисабозиҳои сиёсӣ.

     Кормандони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки  барои таъмини амнияту осудагии кишвар, аз ҷумла ҳифзи обруву эътибори Тоҷикистон ва Президенти он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷомеи башарӣ эътироф гардидааст, чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва дар ин самт донишҷӯён-мутахассисони ояндаи соҳаи барқро дар руҳияи худшиносии милливу ватанпарастӣ тарбия намоянд.

This entry was posted by . Bookmark the permalink.