Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон, Тоҷикистон!

Бо ҳисси баланди Ватандӯстӣ ва ифтихор аз Парчами миллӣ Раёсати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва кулли донишҷӯён баҳри сазовор истиқбол намудани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ гирифта истодаанд.

Даромадгоҳ, биноҳо ва роҳраву гулгаштҳо бо Парчамҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оро дода шуда истодаанд.

Баргузор намудани мизи мудаввар ва конференсияҳои илмӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Раёсат ва роҳбарияти факултету кафедраҳо ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд, ки ҷашни Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовору хотирамон гузарад.

  

This entry was posted by . Bookmark the permalink.