Роғун фардои нурбори Ватан!

 

Ба Рӯзи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  муаззами  миллат, Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  муофиқ  омадани  ба кор  даромадани  агрегати  якуми  Неругоҳи  обии  барқи  «Роғун», баёнгари  амали  шудани  ормонҳои  чандинасраи  миллат  гардид.

Дар  ин  рўз  «Руғун» ҳамчун иншооти  беназир, тақдирсоз, ифодагари  азму  иродаи  қавӣ  ва  баёнгари  иродаи  бунёдкоронаи  Пешвои  миллат, бунёдкории  бесобиқа  дар  роҳи  саодату  давлат  шинохта  шуд.

Маросими  ба  кор  даромадани  агрегати  якуми  Неругоҳи  обии  барқии “Роғун”-ро  донишҷӯёну  устодони  Донишкадаи  энергетикии  Тоҷикистон  дар  толори  асосии  Донишкада  якҷоя  бо  ҳисси  баланди  ифтихор  аз  Пешвои  миллат  тамошо  карданд.  Зимни  дидани  шукуҳу  шаҳомати  иншооти  бузурги  аср,  бунёдкории  бесобиқа, ифтихор  аз  соҳибистиқлоливу  соҳибватанӣ, ифтихор  аз  давлату   миллат  ва  азму  иродаи  халқ  дар  чашмони  аҳли  толор  ашки  шодӣ  ҳалқа  мезад.

Аҳли  толор лаҳзаҳои аз  ҷониби  Пешвои  миллат    ба  кор  даровардани  хатти  баландшиддати  «Роғун»-Душанбе, тақсимкунаки элегазии 500 кВт, воридшавӣ ба толори мошинҳо, пахши тугмаи ба кор даровардани агрегати якум ва даҳҳо лаҳзаҳои дигарро бо нишоту ифтихор, кафкубиҳои бардавом, ифтихор аз Ватану ватандорӣ истиқбол менамуданд.

Ҳамаи шоҳидони ин руӣдоди муҳим то бевақтӣ ин азамату шукуҳ ва мардонагиро байни ҳам муҳокима намуда бовариашонро аз ояндаи нек ва фардои нурбори Ватан изҳор менамуданд.

 

This entry was posted by . Bookmark the permalink.