Робитаҳои дуҷонибаи илмиву тарбиявӣ

<p>Рӯзи 23 майи соли 2018 бо мақсади шинос шудан бо раванди таълим ва шароити ташкили он дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва ба имзо расонидани созишнома дар бораи робитаҳои дуҷонибаи илмиву тарбиявӣ миёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ғарбии Аттика- и давлати Юнон, намояндагони ин Донишгоҳ ба Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар рафти ин сафари худ профессори Донишгоҳи Ғарбии Аттика- и давлати Юнон ҷаноби Петрос Астопулус бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон шароити муътадили замонавии таълиму тарбия муҳайё карда шудааст ва Донишгоҳи Ғарбии Аттика- и давлати Юнон барои расонидани кӯмаки техникӣ ҷиҳати таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон омода мебошад.</p>

This entry was posted by . Bookmark the permalink.