Захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, ин шумора ба 527 млрд кВт.соат/солона баробар мебошад. Бо дарназардошти шароитҳои техникӣ захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба 317млрд.кВт соат баробар буда, айни замон танҳо4-5 фоизи он мавриди истифода қарор дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро баъд аз Хитой, Россия,ИМА, Бразилия, Конго, Ҳиндустон ва Канада ва ҷои аввалро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ишғол менамояд. Энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 95 фоиз аз гидроэнергетика ташкил меёбад.

Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрузаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ се маротиба зиёдтар мебошад. Дар ҳоли истифодаи оқилонаи ин захира, метавон минтақаро бо нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намуд. Қисмати асосии захираҳои номбурда дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон мутамарказ гардидаанд.

Баргузории чаласаи 13-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

Рўзҳои 2-3 декабри соли 2019 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар кори он ҳайати Ҷуҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат намуданд.

Дар доираи Комиссияи мазкур барои баррасии масъалаҳо чор гурҳи корӣ ташкил карда шуд. Дар ҷаласаҳои гуруҳҳо масъалаҳои фаъолгардонии ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, энергетика, нафту газ, об, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, гумрук, бонкдорӣ, суғурта, геодезия, геология, алоқа, коммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, телевизион ва радио, фарҳанг, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, варзиш ва ҷавонон ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Диққати ҷиддӣ ба ҳалли масъалаҳо оид ба анҷом расонидани корҳои боқимонда барои таъмини фаъолияти боэътимод ва бехатари нақби «Истиқлол», истифодабарӣ ва пардохти маблағи нерўи барқи НБО «Сангтўда – 2», масъалаҳои ҳамкориҳои байнибонкӣ ва ҳалли мушкилоти дар муносибатҳои байнибонкӣ ҷойдошта ва дигар масъалаҳо, дода шуд.

Рўзи 3 декабр баъд аз натиҷагирии кори гуруҳҳо маросими расмии баимзорасонии Протоколи ҷаласаи Комиссияи мазкур бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардида, ҳамраисони Комиссия  изҳори умедворӣ намуданд, ки амалӣ шудани бандҳои санади мазкур барои вусъат бахшидани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии минбаъдаи Тоҷикистону Эрон мусоидат хоҳад намуд.

P.s. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таҷдиди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон

Идоракунии самараноки неъматҳои табиии давлатӣ, махсусан захираҳои энергетикӣ кафолати рушди соҳаи мазкур ба шумор меравад. Таҷрибаҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд, ки  ҷорӣ намудани таҷрибаи идоракунии корпоративӣ ва таҷзияи ширкатҳои энергетик, метавонад, ба ҳалли мушкилоти вобаста ба напардохтани маблағи кувваи барқи истифодашуда ва таъмини шаффофият дар соҳаи энергетика мусоидат намояд. Ин раванд муттаҳидсозии дороиҳои ширкатҳои сохтори идоракунияшон ба таври вертикалӣ муқарраргардидаро дар атрофи равандҳои фаъолият, аз қабили истеҳсолот, интиқол,  тақсимот ва ҳамчунин дохил намудани ин дороиҳо ба сохтори субъектҳои конунӣ ва молиявӣ тақозо менамояд.

Бо инобати гуфтаи боло, соли 2011 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №431 «Вобаста ба таҷдиди ШСХК «Барқи Тоҷик» қабул гардид. Ҳуҷҷати мазкур уҳдадории Ҳукуматро ба ислоҳот мушаххас ва вазорату идораҳоро барои фаъолияти самаранок дар ин ҷода вазифадор менамояд.

Илова бар ин, бо дастгирии Бонки осиёгии Рушд моҳи ноябри соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи Мусоидати техникии «Беҳтарнамоии фаъолияти фаврии соҳа» оғоз гардида, таҷдиднамоии сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» ва тақсимнамоии он ба се қисмати зиддахл, аз қабили истеҳсолот, тақсимот ва интиқолдиҳӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар ин раванд барои амалисозии чораҳои гуногун, аз қабили таҷзияи дороиҳо ва уҳдадориҳо, низоми ҳисоботдиҳии молиявӣ ва ҳамчунин идоракунии хадамоти танзимгарии фаврӣ барнома ва раҳнамоҳо таҳия гардидаанд.

Соли 2018 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №234, ки созмон додани ду шахси  ҳуқуқии алоҳида — ҶСК “Шабакаҳои интиқолдиҳандаи барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар заминаи шахси ҳуқуқии мавҷуда — ШСХК “Барқи Тоҷик”  тақозо менамояд, қабул гардид.

Шахсони ҳуқуқии нав — ҶСК “Шабакаҳои интиқолдиҳандаи барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” барои хизматрасониҳои интиқолию тақсимотии  неруи барқ  дар кишвар, ба ғайр аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  масъул мегарданд. Лозим ба ёдоварист, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби  ширкати “Помир Энерҷи”  дар асоси Шартномаи консессионӣ хизматрасонӣ  мешавад.

Дар баробари ин корҳо, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани системаи баҳисобгирии истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ идома дошта, ҳамчунин ҷорӣ намудани тарифҳои алоҳида, низоми  ҳисоббаробаркунӣ, ташкили суратҳисоби эскроу тибқи қоидаҳои мувофиқ барои пардохт амалӣ карда мешаванд.

Ба ғайр аз ин, соли 2017 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати тарифии навро, ки бо мақсади руйпуш намудани хароҷот ба арзиши хизматрасонӣ равона карда шудааст, қабул  ва дар ин раванд барои кӯмак дар амалисозии сиёсати тарофавии мазкур методологияи тарифӣ омода гардида буд. Айни замон методологияи тарофавии мазкур дар марҳилаи тасдиқ қарор дорад.

Ташаббусҳои болозикр барои беҳсозии фаъолияти молиявии бахш, ҷалби сармоя тавассути иштироки бахши хусусӣ дар ин самт, аз ҷумла  истифодаи механизмҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз қабили ҷалби ширкатҳои байналмилалии идоракунанда  равона гардидаанд.

Истифодаи механизмҳои гуногун вобаста ба ҷалби бахши хусусӣ барои ташкил намудани фаъолияти устувор ва шаффофи соҳа, манзур намудани нишондиҳандаҳои самарабахши молиявӣ ва амалиётӣ, тавассути роҳҳои зерин нигаронида шудааст.

  • мусоидат дар самти таҷзия ба ширкатҳои нави самаранок,  аз қабили ширкатҳои барои интиқол ва тақсимот махсусгардонидашуда;
  • азхудкунии усулҳои идоракунии дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофгардида, сиёсат ва низомҳои иттилоотӣ
  • амалисозии стратегияи самараноки ҳимояи даромадҳо ва паст намудани сатҳи талафот;
  • беҳтарнамоии таҷрибаи идоракунии захираҳои кадрӣ ва рушди иқтидор;
  • таҳкими институтсионалӣ дар самти банақшагирӣ ва пешгӯии сармоя ва сармоягузориҳо.